Заҳролудшавии 19 нафар дар Бадахшон
Мақомоти вилояти Бадахшон гуфтанд, ки аз истеъмоли гандуми заҳролуд дар ин вилоят 19 нафар, аз ҷумла ҳашт кӯдак, заҳролуд шуда, таҳти назорати пизишкон ҳастанд. То кунун аз ин заҳролудшавӣ кӯдаки 11-солае ҷон дода, вазъи як кӯдаки дигар вазнин гуфта мешавад.