Хадамоти амнияти Русия аз боздошти "ҷосуси украинӣ" хабар дод
Хадамоти амнияти федеролии Русия - ФСБ, рӯзи 12 феврал аз боздошти шаҳрванди Украина дар Симферопол гузориш дод. Боздоштшуда гӯё барои идораҳои махсуси Украина дар бораи қисмҳои Росгвардия ва кормандони ФСБ дар қаламрави Қрими ишғолшуда, маълумот ҷамъ мекард. Бар зидди ин нафар, ки номаш гуфта нашудааст, аз рӯи банди "ҷосусӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Киев ба ин хабар то ҳол вокуниш накардааст.
ФСБ пайваста аз боздошти "ҷосусҳо" ва харобкорони украинӣ дар Қрим гузориш пахш мекунад. Аммо бинобар "муҳри махфӣ"-и парвандаҳо санҷиши воқеияти ҷинояти содиршуда номумкин аст. Киев дар навбати худ, боздошти "ҷосусҳои украинӣ"-ро бисёр вақт хабари дурӯғ мехонад.