Миср мегӯяд, ки 16 ҷангиро кушта ва даҳҳо нафарро боздошт кард
Низомиёни Миср мегӯянд, ки дар ҷараёни амалиёти амниятии зидди ҷангиёни исломӣ дар шибҳаҷазираи ноороми Синаӣ, 10 ҷангиро аз байн бурданд ва 30 тани дигарро боздошт карданд.
Даҳҳо ҳадаф, бо шумули захирагоҳи таслиҳот, васоили нақлиёт ва киштҳои ғайриқонунии афюн маҳв гардид,- омадааст дар изҳороти артиши Миср, ки рӯзи 11 феврал пахш шуд.
Изҳорот мегӯяд, амалиёт, ки рӯзи 9 феврал оғоз шуд, бо истифода аз нерӯҳои заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоӣ ҷараён гирифт.
Раиси ҷумҳури Миср Абдул Фаттоҳ ал-Сисӣ ба нерӯҳои кишвараш амр карда буд, ки ҷангиёнро то охири ҳамин моҳ саркуб кунанд.
Амри Сисӣ моҳи ноябр дар ҳоле содир шуд, ки дар натиҷаи бомбагузорӣ ва ҳамлаи мусаллаҳона 311 нафар дар масҷиди шимоли Синаӣ ба ҳалокат расид. Ин як ҳамлаи пурқурбонӣ дар таърихи навини Миср ба шумор меояд, ки дар содир кардани он гурӯҳи наздик ба ДИИШ муттаҳам шуд.
Ба думболи ҳамла Сисӣ барои ҷорӣ кардани тартибот дар минтқа ба нерӯҳои кишвар се моҳ вақт дод ва гуфт, ки бо истифода тамоми нерӯҳои мавҷуд ҷангиёнро беҳрамона саркуб кунанд.
Ҷангиён дар Синаӣ баъди сарнагун шудани ҳукумати президенти исломӣ Муҳаммад Мурсӣ, дар соли 2013, сар бардоштанд.
Шибҳаҷазираи Синаӣ бо Исроил ва Навори Ғазза ҳаммарз аст.