Раҳбари "Ҷумбиши нерӯҳои нав" Михаил Саакашвилӣ боздошт шуд
Михаил Саакашвилӣ - раҳбари "Ҷумбиши нерӯҳои нав"-и Украина рӯзи душанбе дар Киев боздошт шуд. Дар ин бора "Украинская правда" бо такя ба тарафдорони Саакашвилӣ хабар дод. Сиёсатмадорро афроде, ки дар чеҳраҳояшон ниқоб доштанд, дар тарабхона боздошт карданд. Ин нафарон Саакшвилиро ба микроавтобус бор карда, ба самти номаълум бурданд.
Ҳоло маълум нест, ки раиси ҷумҳури собиқи Гурҷистон ва волии собиқи Одесса Михаил Саакашвилиро кӣ боздошт кардааст. Хадамоти амнияти Украина гуфт, ки онҳо дар ин амал даст надоранд. Дар ин бора хабарнигори Радиои Озодӣ гузориш дод.
Дар бораи боздошти Саакашвилӣ яке аз раҳбарони "Ҷумбиши нерӯҳои нав" Юрий Деревянко ба "Украинская правда" хабар дод. Ба гуфтаи нашрия онҳое, ки Саакашвилиро боздошт карданд. Дар тан болопӯшҳои "Хадамоти давлатии марзбонӣ" доштанд.
Соли гузашта раиси ҷуҳмури Украина Петро Порошенко Саакашвилиро барои гӯё хабар надодан аз мавҷудияти парвандаи ҷиноияш дар Гурҷистон, аз ҳақи шаҳрвандии Украина маҳрум кард ва идораҳои ин кишвар дархости ӯро дар бораи паноҳандагӣ рад карданд.
Моҳи январи соли 2018 додгоҳи Тбилисӣ Михаил Саакашвилиро бо иттиҳоми суиистифода аз қудрат, дар ғиёбаш ба муддати се сол аз озодӣ маҳрум кард.