Михаил Саакашвилиро аз Украина ба Лаҳистон ихроҷ карданд
Михаил Саакашвилӣ - раҳбари "Ҷумбиши нерӯҳои нав"-и Украина рӯзи душанбе дар Киев боздошт ва ба Лаҳситон ихроҷ шуд. Дар ин бора "Интерфакс-Украина бо такя ба манбаҳои худ хабар дод. Ба гуфтаи хабаргузорӣ, ӯро на депортатсия, балки ҳамчун шахси ғайриқонунӣ ба кишваре ихроҷ карданд, ки аз он ҷо ба Украина ворид шуда буд.
Тавре "Укураинская правда" каме пештар гузориш дод, сиёсатмадорро афроде, ки дар чеҳраҳояшон ниқоб доштанд, дар тарабхона боздошт карданд. Ин нафарон Саакшвилиро ба микроавтобус бор карда, ба самти номаълум бурданд.
Хадамоти амнияти Украина гуфт, ки онҳо дар ин амал даст надоранд. Дар ин бора хабарнигори Радиои Озодӣ гузориш дод.
Дар бораи боздошти Саакашвилӣ яке аз раҳбарони "Ҷумбиши нерӯҳои нав" Юрий Деревянко ба "Украинская правда" хабар дод. Ба гуфтаи нашрия онҳое, ки Саакашвилиро боздошт карданд. Дар тан болопӯшҳои "Хадамоти давлатии марзбонӣ" доштанд.
Соли гузашта раиси ҷуҳмури Украина Петро Порошенко Саакашвилиро барои гӯё хабар надодан аз мавҷудияти парвандаи ҷиноияш дар Гурҷистон, аз ҳақи шаҳрвандии Украина маҳрум кард ва идораҳои ин кишвар дархости ӯро дар бораи паноҳандагӣ рад карданд.
Моҳи январи соли 2018 додгоҳи Тбилисӣ Михаил Саакашвилиро бо иттиҳоми суиистифода аз қудрат, дар ғиёбаш ба муддати се сол аз озодӣ маҳрум кард.