Ҳамлаҳову бомбгузориҳо ба иқтисоди Афғонистон низ зарба мезананд
Ҳамлаҳои ахири Толибон дар шаҳри Кобул дар баробари қатлу ҷароҳати мардуми зиёд зиёни бузурги молӣ низ дар пай доштааст. Утоқи тиҷорат ва саноати Афғонистон мегӯяд, нооромиҳои ахири пойтахти Афғонистон камаш 10 миллион доллар зиён овардааст.