"Ҳавопаймои Ан-148 эҳтимол ба иллати ях бастан суқут кард"
Хадамоти матбуоти Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ рӯзи 13 январ баъди омӯзиши дастгоҳҳои худнависи ҳавопаймои Ан-148 гуфт, ки ҳавопаймо эҳтимол бинобар суръати нодуруст ва яхзадани дастгоҳҳои санҷишӣ суқут кард.
Ҳавопаймои Ан-148-и ширкати ҳавоии Саратов, рӯзи 11 феварал, дар ҳоле, ки аз фурудгоҳи Домодедовои Маскав ба Орски вилояти Оренбург ҳаракат мекард, баъди чанд дақиқаи парвоз аз оинаи радарҳо нопадид шуд. Пораҳои ҳавопаймо дар ҳудуди деҳаи Степановское, ноҳияи Раменскии Вилояти Маскав, дар майдони 30 гектар ошкор шуд. Ҳавопаймо бо шумули шаш сарнишин 71 мусофир дошт. Ҳамаи онҳо дар ин садама ҷон бохтанд.