Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Февраль
2018

Исми боз се шаҳрванди Русия, ки дар Сурия кушта шуданд, ошкор шуд

0
Номи боз се шаҳрванди Русия, ки дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Ийолоти Муттаҳидаи Амрико ба ҳалокат расиданд, ошкор шуд. Маълумотро дар робита ба ҳалокшудаҳо гурӯҳи таҳқиқотии Conflict Intelligence Team ҷамъоварӣ кард. Гуфта мешавад, ки кушташудаҳо узви ширкати низомии хусусии "Вагнер"-и Русия буданд.


Санадҳои Conflict Intelligence Team рӯзи 14 феврал аз ҷумла ҳалокати сокини Нижний Новгород Александр Шиховро маълум карданд, ки қаблан дар низои мусаллаҳонаи шарқи Украина иштирок дошт.


Дар ҳамлаҳои ҳавоӣ ҳамчунин аъзои созмони ватанпарастони "Русь Триединая" бо номи Владимир ва тахаллуси "Апостол" кушта шуд. Аз нафари сеюм Руслан Гаврилов ном мебаранд, ки дар шаҳраки Кедровое, вилояти Сврдловск зиндагӣ мекард.


Рӯзи душанбе Conflict Intelligence Team ва портали "Медиазона" номи панҷ шаҳрванди Русияро эълон карданд, ки эҳтимол ба ширкати хусусии низомии "Вагнер" шомил буданд.


 7 феврал дар ҷараёни ҳамлаи ҳавоии ИМА дар вилояти Дайр аз-Зур аз 100 то 500 афроди мусллаҳ кушта шуд, ки дар тарафи Башор Асад меҷангиданд. Аз рӯи баъзе маълумотҳо теъдоди хисороти ҷонии сарбозони "Вагнер" аз даҳҳо то ба садҳо нафар мерасад. 


Вазорати дифои Русия ҳалокати шаҳрвандонаш дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии ИМА-ро такзиб кард. Кремл низ даст доштани мақомоти Русия дар амалҳои сарбозони кироя дар Сурия рад мекунанд.






Губернаторы России





Губернаторы России
103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media


103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости




Спорт в России и мире



Новости Крыма на Sevpoisk.ru



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России