Вазири беҳдошт баъди марги муовинаш аз мақом барканор шуд
Мақомоти Тотористон рӯзи 14 феврал гуфтанд, ки Вафин бинобар гузаштан ба вазифаи дигар аз мақом сабукдӯш шуд.
Эълони истеъфои ӯ дар ҳоле пахш шуд, ки ҳафт рӯз пеш муовини 52-солаи вазири беҳдошт Елена Шишмарева дар маҳалли зисташ, дар Қазон, даргузашт.
Одил Вафин марги ноиби худро "фоҷеаи воқеӣ" унвон кард ва гуфт, ки Тотористон як мутахасиси ҳирфаиро аз даст дод.
Шишмарева 3 феврали соли равон бо иттиҳоми тақаллуби молӣ ва суиистифода аз мақом таҳти ҳабси хонагӣ қарор гирифт. Сабаби марги ӯ таҳқиқ мешавад.
