Вазир: Роҳҳо баъди сафари Мирзиёев пурра боз мешаванд
Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ки ба зудтарин фурсат ҳаракати қатор дар масири Амузанг – Хатлон роҳандозӣ хоҳад шуд. Худоёр Худоёрзода рӯзи 15-уми феврал дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, “инчунин, мусофирбарҳои самти Тоҷикистону Узбакистон ба кор хоҳанд пардохт.”