Мусофири хатсайри Петербург-Хуҷанд дар дохили ҳавопаймо даргузашт
Рӯзи 15-уми феврал дар Маркази маълумотномадиҳии фурудгоҳи Хуҷанд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин ҳавопаймо бояд соати 5:30-и субҳи 14-уми феврал дар Хуҷанд фуруд меомад, вале бо таъхири 5-соата ҳозир шуд.
Як масъули ин марказ бидуни бурдани номаш гуфт, сабаби таъхир дар марги нобаҳангоми як марди мусофири ин ҳавопаймо будааст. Вай гуфт: “Дар вақти парвоз ҳолати як марди 67-сола бад шуда, ҷиҳати расондани ёрии тиббӣ ҳавопаймо ба фурудгоҳи шаҳри Оренбурги Русия фуруд омад. Вале он мард вафот кардааст”.
Ному насаби мард ва ҳам сабаби марги ӯ феълан шарҳ дода намешавад. Матбуоти русӣ навишт, ки ин мард шаҳрванди Тоҷикистон буд.
Дар ҳамин ҳол, бархе матбуоти русӣ гуфтаанд, баъди фуруд омадани ҳавопаймо ва марги мусофир, ҷасадро ба як мурдахонаи шаҳри Оренбург интиқол доданд ва муфаттишони додситонии нақлиёти Оренбург таҳқиқи ин ҳодисаро шурӯъ карданд.
Ҳодисаи марги мусофир дар ҳавопаймо камназир аст. Дар хабаргузориҳои русӣ гуфта мешавад, ки ходимони ҳавопаймо барои наҷоти ҷони мусофир талош карданд, вале натиҷа надод.
