Хабарнигори "Новая газета" Алӣ Фирӯз Русияро тарк кард
Рӯзноманигори нашрияи "Новая газета"-и Русия Алӣ Фирӯз, ки ба далели вайрон кардани қонунгузории муҳоҷирати ин кишвар чанд моҳ дар маркази боздошти муваққат нигаҳдорӣ мешуд, билохира Русияро тарк кард. Фирӯз аз фурдгоҳи Шереметовои Маскав ба Олмон парвоз кард.
Нашрияи "Новая газета" рӯзи 15 феврал ба ҳамаи онҳое, ки аз рӯзноманигор ҳимоят карданд, ташаккур гуфт.
Ҳафтаи гузашта додгоҳи Басмании Москва иҷозат дод, Фирӯз ба кишвари севум хориҷ шавад. То он замон додгоҳи шаҳрии Москва раванди ихроҷи ӯро аз Русия манъ карда буд. Рӯзноманигор ним солро дар маркази боздошти муваққат ба сар бурд.
Ибтидои моҳи августи соли 2017 Худоберди Нурматов (ному насаби аслии Алӣ Ферӯз) дар Москва боздошт шуд. Журналистро ба нақзи қонунҳои муҳоҷирати Русия айбдор карданд. Фирӯз мегӯяд, ӯро дар кишвараш Узбакистон мумкин аст, дар ҳамкорӣ бо созмонҳои террористӣ айбдор ва шиканҷа кунанд. Давоми чандин сол Алӣ Фирӯзталош кард, дар Русия мақоми паноҳандагӣ пайдо кунад, аммо муваффақ нашуд.