Занеро, ки аз Сурия оварда буданд, ҳукми зиндон гирифт
Акбарова моҳи декабри соли 2014 барои ҳамоиш бо ҳамсараш, ки ба гурӯҳи даҳшатафкани ДИИШ гаравида буд, бо кӯдаконаш ба Сурия рафт. Ба гуфтаи ин зани маҳкумшуда, ӯ борҳо талош кард ба ватан баргардад, аммо аз тарси ҳамсараш натавонист фирор кунад.
Соли 2017 ҳамсари Загиат Акбарова дар Сурия кушта шуд ва ин зан бо кӯдаконаш ба Русия интиқол ёфт. Аммо сарфи назар аз ваъдае, ки агар ӯ содиқона ба гуноҳаш эътироф кунад аз таъқиби додгоҳӣ озод мешавад, Акбароваро идораҳои ҳифзи ҳуқуқи Чеченистон боздошт карданд.
Ҳукми зиндони ӯро Додгоҳи Махачқалъа содир кард. Татбиқи ҳукм баъди 14 сола шудани ҳамаи чаҳор кӯдакаш оғоз мешавад.
Берун овардани русиягиҳо аз Сурия соли 2017, таҳти назорати камиссияи махсус бо раҳбарии Рамазон Қодиров, оғоз шуд. Шабакаи телевизионии Би-Би-Си рӯзи 15 феврал гуфт, мақомоти Чеченистон қаблан гуфта буданд, ки ин занҳоро ба додгоҳ намекашанд.
Телевизиони РБК рӯзи панҷшанбе хабар дод, ки ҳоло дар Ироқу Сурия ҳудудан 400 шаҳрванди Русия боқӣ мондааст. Моҳи январи соли равон Наида Шайх-Аҳмадова баъди бозгашт аз Сурия ба зиндон маҳкум шуд.
