Тасаллияти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Доналд Трамп
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли барқияи тасаллият ба унвонии раиси ҷумҳурии ИМА Доналд Трамп, аз марги шумори зиёди мактабиён изҳори таассуф кардааст. Дар барқияи худ президенти Тоҷикистон, аз ҷумла, навиштааст, ки "хабари фоҷеабори тирпарронӣ дар яке аз мактабҳои аёлати Флоридаи ИМА-ро, ки боиси ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани шумораи зиёди шаҳрвандон гардид, бо андӯҳи бепоён дарёфтам. Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастам».
Дар як ҳодисаи тирандозӣ дар мактаби миёнае дар Амрико ахиран 17 талаба кушта шуд.
Президент Доналд Трамп амр дод, ки парчамҳои миллии кишвар дар сохтмонҳои давлатӣ ба нишони ҳамдардӣ ба хонаводаҳои қурбониёни ҳамлаи хунин поин оварда шаванд. Ин ҳодиса рӯзи 14 феврал дар як мактаби шаҳраки Паркланд, воқеъ дар 70-километрии шаҳри Майами рух дод. "Тамоми кишвар ғамшарики онҳое аст, ки дар ин тирандозӣ азизонашро аз даст додааст", гуфт Трамп. Рӯзи 15 феврал қарор аст президенти ИМА дар ин мавзӯъ изҳороте пахш хоҳад кард.
Гумонбари аслии тирандозӣ - Николас Крузи 19-сола аст, ки қаблан барои интизоми бад аз мактаб хориҷ шуда буд. Ин ҷавон боздошт шудааст.
Тирандозӣ дар мактаби Флорида 18-умин ҳамла аст, ки дар мактаби миёнае дар Амрико сурат мегирад. Яке аз хунинтарин ҳамлаҳо дар мактаби Сенди Куки аёлати Коннектикат соли 2012 ҷони 20 талаба ва 6 омӯзгорро гирифт.