Роҳбари радиои "Азия плюс" иваз шуд
Раҳбарияти радиои мустақили "Азия плюс" дар Тоҷикистон нав шуд. Манижа Ахмедова, хабарнигори ин радио айни замон раҳбар таъин шуда, дар ин мақом Парвона Аҳрориро иваз кард. Парвона Аҳрорӣ аз соли 2006-ум ба ин ҷониб раҳбарии ин радиоро бар дӯш дошт.