Маҷлиси Миллӣ “ОК” дод. 30-солаҳо – ба президентӣ
Маҷлиси Миллӣ – палатаи болоии порлумон – аз ислоҳи қонун дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон тарафдорӣ кард. Ин иловаҳо, ки ду ҳафта пеш дар Маҷлиси Намояндагон тасвиб шуд, роҳи афроди 30-соларо барои довталабӣ дар интихоботи ояндаи президентӣ боз мекунад.