Беҳтарин ронандаи зан дар Тоҷикистон эълон мешавад
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон моҳи оянда дар байни ронандагони зан як озмун баргузор мекунад.
Озмун рӯзи 3-уми март дар шаҳри Душанбе сурат мегирад ва доварон ба зане, ки мошинашро аз ҳама беҳтар ороиш додааст, қоидаҳои ҳаракати роҳро хуб медонад ва дар расонидани ёрии аввалини тиббиро маҳорат дорад, ҷоизаи “Авто-бону-2018”- ро тақдим мекунанд.
Дар озмун тамоми заноне, ки ронандагиро медонанд, ҳаққи ширкат доранд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳадаф аз баргузории озмун, боло бурдани мавқеи зан дар ҷомеа ва нишон додани маҳорату малакаи занони тоҷик аст. Вазорат дар вебсайташ хабар дод, ки озмун бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар дар Тоҷикистон баргузор карда мешавад.