Парвандаи раиси собиқ қатъ шуд. Маннонзода куҷо "ғайб" зад?
Масъулони Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Суғд баррасии парвандаи Абдусамад Маннонзода, раиси собиқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро муваққатан боздоштанд. Маннонзода ба гирифтани 40 ҳазор доллар "пора" гумонбар аст.