Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Февраль
2018

Шаш тоҷик дар Русия бо ҷурми терроризм аз 12 то 18 сол зиндонӣ шуд

0
Додгоҳи Маскав шаш шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми талоши бомбагузорӣ дар мусофирбари хурд ё "маршрутка", ба муддати тӯлонӣ зиндонӣ кард.


Додгоҳи низомии Маскав рӯзи 22-юми феврал ба ин гурӯҳ аз 12 то 18 соли зиндонро раво дид. Онҳо ба талоши ташкили террор, узвият дар гурӯҳи террористӣ ва нигаҳдории маводи тарканда муттаҳам буданд. 


Чаҳор нафари ин гурӯҳ ба гуноҳи худ иқрор шуд ва ду нафари дигар гуфтанд, ки гуноҳ надоранд.


Ба иддаои муфаттишон, соли 2016 айбдоршавандаҳо мехостанд ба як мусофирбар дар минтақаи Либертсии канораҳои Маскав бомба гузоранд.


Тафтишгарон ҳамчунин иддао карданд, ки айбдоршавандаҳо ҳаводори  гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" буданд ва мехостанд, баъди ҳамлаи автобус ба ин гурӯҳ ҳамроҳ шаванд.  


Мақомот мегӯянд, ҳазорҳо зану мард дар солҳои ахир аз Русия ва кишварҳои Шӯравии собиқ барои ҳамоиш бо гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба Сурияву Ироқ рафтанд.


Аммо гурӯҳҳои ҳуқуқи башари Русия мегӯянд, ки муҳоҷирони кории Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар муқобили муносибати ноодилонаи мақомоти Русия ва дастёбӣ ба ҳимояи қонунӣ,  аз камтарин ҳуқуқ бархӯрдор ҳастанд. 




Губернаторы России





Губернаторы России
103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media


103news.com — международная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости




Спорт в России и мире



Новости Крыма на Sevpoisk.ru



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России