Русия аз як медали Олимпиадаи зимистона маҳрум шуд
Варзишгари рус Александр Крушелнитский, ки бо тасмими Додгоҳи ҳакамии варзишӣ (CAS) дар вайрон кардани қоидаҳои зиддидопинг дар Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ дар Пхёнчхан айбдор эълон шуд, аз медали биринҷӣ маҳрум гардид.