Сафири нави Узбакистон ба Душанбе расид
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабари оғоз ба фаъолияти кардани Эргаш Шоисматов ба ҳайси сафири нави Узбакистон дар Душанберо тасдиқ кард. Дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 23-юми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "Эргаш Шоисматов ба ҳайси сафири нави Фавқуллода ва Мухтори Узбакистон дар Душанбе ин лаҳзаҳо дар вазорати корҳои хориҷӣ аст ва нусхаи эътимодномаи худро ба Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон месупорад.
Дар пайи супоридани эътимоднома, интизор меравад миёни сафири нави Узбакистон дар Тоҷикистон ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот сурат гирад. Таъини сафири нави Узбакистон дар Тоҷикистон дар замоне иттифоқ афтод, ки муносибатҳои Тошканд ва Душанбе беҳбуд ёфта, қарор аст дар авоили моҳи март сафари расмии Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон сурат бигирад.