Э.Раҳмон гуфт, бо сарбозону афсарони тоҷик ифтихор мекунад
Аммо ончи мояи нигаронии раиси ҷумҳур дар ин шабу рӯз аст, “таҳаввулоту ҳодисотест, ки вақтҳои охир дар ҷаҳон ба амал меоянд”. Ин аст, ки оқои Раҳмон ба андешидани чораҳои омодабошии ҷангии нирӯҳои мусаллаҳ таъкид кард.
Зимнан, 18-уми декабри соли 1992 фармон дар бораи таъсисёбии нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба имзо расид. 23-юми феврали соли 1993 аввалин расми гузашти низомии афсарону сарбозон доир гардид. Ҳамин тавр, нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон таъсис ёфт.
