Олег Дерипаска аз "Русал" рафт
Нимаи аввали рӯзи ҷумъа ҳамчунин маълум шуд, ки Дерипаска аз мақоми президенти ширкати алюминии "Русал" низ истеъфо дод. Нашрияи "Коммерсант" мегӯяд, ки истеъфои Дерипаска аз ин ду мақом ба хотима ёфтани кор бар рушди муассиса рабт дорад.
Ҳамзамон як манбаи беном ба "Коммерсант" гуфтааст, ҳтимол тасмимҳои миллирадер ба шомил шудани ӯ ба "рӯйхати Кремлин" - феҳрасти нафарони наздик ба Путин, ки дар ростои таҳримҳои Амрико қарор доранд, бастагӣ дорад.
Ба гуфтаи як ҳамсӯҳбати дигар, Дерипаска барнома дорад ба рушди группаи ГАЗ машғул шавад ва рафтари ӯ аз мансаби раҳбарии "Русал" ва En-Group ба таҳримҳои ИМА ва робитаи эҳтимолиаш бо муовини нахуствазири Русия Сергей Приходко, рабт надорад.
Ба гуфтаи бунёди Навалний, Приходко тобистони соли 2016 бо киштии Дерипаска сафар кард ва бо ӯ дахолат ба умури интихоботи Амрикоро дар миён гузошт. Ин ҳодиса аз баракати Настя Рыбка - яке аз духтароне, ки дар кишти буд, рӯи об баромад. Дерипаска таҳқиқоти Навалнийро дурӯғ номид. Роскомнадзор аз Навалний талаб кард, ки дар асоси қаори додгоҳ видеои худро аз Юутуб бардорад.
