Аслов ва Шоисматов сафари Мирзиёевро ба Душанбе баррасӣ карданд
Таъини сафири нави Узбакистон дар Тоҷикистон дар замоне иттифоқ афтод, ки муносибатҳои Тошканд ва Душанбе беҳбуд ёфта, қарор аст дар авоили моҳи март сафари расмии Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон сурат бигирад.
Дар мулоқоти рӯзи 23 феврал вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва сафири Узбакистон дар Душанбе барномаи сафари қарибулвуқӯи президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Ба иттилои расмӣ, Эргаш Шоисматов 67 сол дошта, хатмкардаи Институти политехникии шаҳри Тошканд мебошад. Аз соли 1996 то феврали 2001 мансаби вазири энергетика ва энергетикакунонии Ӯзбакистонро ба уҳда доштааст. Дар солҳои 2001-2006 ба ҳайси Раиси раёсати Ширкати давлатии саҳҳомии «Узбекэнерго» фаъолият кардааст. Аз соли 2006 то 13 июли соли 2010 ҳамчун муовини сарвазир оид ба масъалаҳои мошинсозӣ, металлургияи ранга, соҳаи нафту газ, геология, энергетика ва истеҳсоли маводи кимиёвӣ кор кардааст. Моҳи феврали соли 2014 раиси Шӯрои ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи кормандони энергетика таъйин гардидааст.
Аз моҳи декабри соли 2016 раисии раёсати «Uztransgaz»-ро ба ухда доштааст.
