Дар Узбакистон “Хонаи савдои Тоҷикистон” боз шуд
Дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон, “Хонаи савдои Тоҷикистон” боз шудааст. Мақомот рӯзи 24-уми феврал гуфтанд, ки ин марказро ширкати “Ғаюр” ифтитоҳ кард.
Ба қавли мақомот, феълан дар “Хонаи савдои Тоҷикистон” асосан маҳсулоти сохтмонии ширкати “Ғаюр”, ки ба Акбар Ғуломов, писари нахуствазири собиқ Асадулло Ғуломов мутааллиқ аст, ба фурӯш гузошта шудааст. Ширкати “Ғаюр” дар ҳоли ҳозир бузургтарин корхонаҳои истеҳсоли сементро дар ихтиёр дорад.
Ташкили “Хонаи савдои Тоҷикистон” зоҳиран посух ба “Маркази савдои Узбакистон” дар Хуҷанд аст. “Маркази савдои Узбакистон” моҳи октябри соли гузашта дар маркази вилояти Суғд ба кор пардохт ва намунаҳои маҳсулоти тавлиди он кишварро ба намоиш ва фурӯш гузошт.
“Маркази савдои Узбакистон” дар бинои собиқи “Маркази тиҷоратии Эрон” дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст.
Тибқи омори расмӣ, соли 2017 ҳаҷми табодули мол байни Тоҷикистону Узбакистон ба 126 миллион доллар баробар гардидааст. Аз он 69 миллион доллар воридоти мол аз Узбакистон ба Тоҷикистон ва 57 миллион доллар содироти мол аз Тоҷикистон ба Узбакистонро ташкил медиҳад.