Беҳрӯзи Хоҷазода аз ҷоизаи "Тоскӯлоҳи бузург" бенасиб монд
Чаҳор паҳлавони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо “Тоскӯлоҳи бузург” (Grand Slam Duesseldorf 2018), ки имрӯз, 24-уми феврал, дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон баргузор шуд, дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд.