Модари Абу Муҳаммади Кӯлобӣ таблиғгари либоси миллӣ шуд
Як зани тоҷик, ки писараш чор соли пеш дар Сурия кушта шуд, ҳоло дар ҳамкорӣ бо мақомот барои бонувони миёнасоли тоҷик анвои либосҳои тавсиявии миллиро тарғиб мекунад. Рӯзи 26-уми феврал Вазорати фарҳанг чанд намунаи либоси миллиро нашр кард, ки пӯшиданашон ба занҳои тоҷик машварат дода мешавад.