Дидор дар марз. Майрамбӣ баъди 15 сол ба Тоҷикистон омад. АКС. ВИДЕО
Баъди боз шудани гузаргоҳи "Патар – Андархон" миёни Конибодоми Тоҷикистон ва Бешариқи Узбакистон даҳҳо нафар аз ду тараф ба дидори наздикони худ расидаанд. Ин гузаргоҳ баъди тақрибан даҳ соли баста будан, ду ҳафта пеш ифтитоҳ шуд.