Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Февраль
2018

Аввали март 7 гузаргоҳ миёни Тоҷикистону Узбакистон расман боз мешавад

0
Рӯзи 1-уми март ҳафт гузаргоҳи марзии байни Тоҷикистону Узбакистон дар шимоли кишвар расман боз мешавад. Музаффар Юнусов, сухангӯи раиси вилояти Суғд рӯзи 28-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, 1-уми март ҳафт гузаргоҳи марзии байни Тоҷикистону Узбакистон -- “Саразм” дар Панҷакент, “Ҳаштяк” байни Спитамену Бекобод, “Равот” байни Конибодому Бешариқ, “Ӯротеппа” дар Истаравшан, “Навбунёд” дар ноҳияи Ашт ва "ДЭУ - 58" ва "Зомин" дар Зафаробод расман ифтитоҳ карда мешавад. Ба қавли ӯ, ба ҷуз гузаргоҳи “Равот” дар ҷамоати Пӯлодони Конибодом, боз шудани дигар 6 гузаргоҳои марзӣ соати 11 дар назар аст.


Аз ин гузаргоҳҳо танҳо “Саразм” дар Панҷакент мақоми байналмилалӣ дорад. Тавассути гузаргоҳҳои бозгардида сокинони манотиқи наздимарзии Тоҷикистону Узбакистон бидуни виза ва танҳо тавассути  шиноснома метавонанд ба муддати 5 шабонарӯз то 30 километри дохили кишварҳои ҳамдигар сафар кунанд. 


Ӯ гуфт, дар ифтитоҳи гузаргоҳи “Равот”-и байни ноҳияҳои Конибодоми Тоҷикистон ва Бешариқи Узбакистон иҷрокунандаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Фарғонаи Узакистон ширкат хоҳанд кард. Ҳамчунин, гузаргоҳҳои дигарро мақомоти ҳукуматҳои вилоятҳо ва ноҳияҳои ҳамсоя боз хоҳанд кард.


Тибқи иттилои расмӣ, марзи миёни Тоҷикистон ва Узбакистон тақрибан 1400 километр аст. Аз соли 2002 дар марзи ду кишвар 16 гузаргоҳи сарҳадӣ мавҷуд аст, ки 12 адади он дар вилояти Суғд мебошад. То аввали соли равон танҳо гузаргоҳҳои байналмилалии “Дӯстӣ” дар ноҳияи Турсунзода воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон ва “Фотеҳобод” дар ноҳияи Мастчоҳ воқеъ дар шимоли кишвар, боз буданд. Гузаргоҳҳои дигарро ҳудуди 10 сол пеш баста буданд.


Гузаргоҳи байнулмилалии “Патар” дар Конибодом рӯзи 10-уми феврал ва ба думболи он гузаргоҳи “Сарбанд” дар Спитамен барои рафтуомади сокинони наздимарзӣ боз гардиданд. Дар назар аст зимни сафари қарибулвуқуи президенти Узбакистон, Шавкат Мирзиёев ба Душанбе, созишномаҳои ҳамкории байни ду кишвар дар арсаҳои имзо шавад, ки яке аз онҳо сабукӣ дар низоми раводид ва сафарҳои бемаҳдудияти шаҳрвандони ҳар ду кишвар ба қаламрави якдигар мебошад.






Губернаторы России





Губернаторы России
103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media


103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости




Спорт в России и мире



Новости Крыма на Sevpoisk.ru



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России