Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Февраль
2018

7 гузаргоҳ миёни Тоҷикистону Узбакистон расман боз мешавад

0
Қарор аст, рӯзи 1-уми март ҳафт гузаргоҳи марзии байни Тоҷикистону Узбакистон дар шимоли кишвар расман ифтитоҳ шавад. Инҳо -- "Саразм" дар Панҷакент, "Ҳаштяк" байни Спитамену Бекобод, "Равот" байни Конибодому Бешариқ, "Ӯротеппа" дар Истаравшан, "Навобод" дар ноҳияи Ашт ва "ДЭУ - 58" ва "Зомин" дар Зафаробод номбар шудаанд.  


Аз ин гузаргоҳҳо танҳо “Саразм” дар Панҷакент мақоми байналмилалӣ дорад. Тавассути гузаргоҳҳои бозшуда сокинони манотиқи наздимарзии Тоҷикистону Узбакистон метавонанд бо шиноснома ва бидуни виза ба муддати 5 шабонарӯз то 30 километри дохили кишварҳои якдигар сафар кунанд. 


Тибқи иттилои расмӣ, тӯли марзи миёни Тоҷикистон ва Узбакистон тақрибан 1400 километр аст. Аз соли 2002 дар марзи ду кишвар 16 гузаргоҳи сарҳадӣ мавҷуд буд, ки 12 адади он дар вилояти Суғд ҷойгир аст. То аввали соли равон танҳо гузаргоҳҳои байналмилалии “Дӯстӣ” дар ноҳияи Турсунзода, воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон ва “Фотеҳобод” дар ноҳияи Мастчоҳ, воқеъ дар шимоли кишвар, боз буданд. Гузаргоҳҳои дигар даҳ сол пеш масдуд шуданд. 


Гузаргоҳи байнулмилалии “Патар” дар Конибодом рӯзи 10-уми феврал ва ба дунболи он гузаргоҳи “Сарбанд” дар Спитамен барои рафтуомади сокинони наздимарзӣ боз шуданд. Гуфта мешавад, дар ҷараёни сафари қарибулвуқӯи президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе, як қатор созишномаҳои муҳим, аз ҷумла содда кардани низоми раводид дар байни ду кишвар матраҳ хоҳад шуд.






Губернаторы России





Губернаторы России
103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media


103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости




Спорт в России и мире



Новости Крыма на Sevpoisk.ru



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России