Беш аз 8 ҳазор курсӣ. "Лимит" барои мансабдорони тоҷик
Барои қабули хидматчиёни давлатӣ дар мақомоти иҷроияи шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо дар Тоҷикистон “лимит” муқаррар карда шуд. Аз ин ба баъд шумораи мансабдорон дар ҳукуматҳои тамоми вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон набояд аз 8 ҳазору 143 нафар бештар бошад.