Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Апрель
2018

Новости за 14.04.2018

Рустами Эмомалӣ шӯрои нозирони “Манзили дастрас”-ро таъсис дод

Ozodi.org 

Шаҳрдори Душанбе шӯрои нозирони сохтмони “Манзили дастрас”-ро таъсис додааст. Рустами Эмомалӣ рӯзи 13-уми апрел бо имзои қароре дар ин бора гуфт, шӯрои нозирон аз манфиати муштариҳо ҳимоят карда, барои саривақт ба поён расидани кори сохтмон талош хоҳад намуд. Ӯ ба мудири сохтмони “Манзили дастрас” даҳ рӯз вақт додааст, ки ҷаласаи нахустини шӯрои нозиронро баргузор кунад. Вале тафсилот дода нашудааст, ки ба ҳайати ин шӯро киҳо шомиланд. Сохтмони хонаҳои “Манзили дастрас” дар Душанбе соли 2013 шуруъ шуда... Читать дальше...

ОДКБ ҳамлаи Амрикову муттаҳидонаш ба Сурияро маҳкум кард

Ozodi.org 

Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ ё ОДКБ, созмони таҳти нуфузи Русия, ҳамлаҳои муштараки Амрикову Бритониё ва Фаронсаро ба Сурия маҳкум кард. Ҷаласаи изтирории ин созмон рӯзи 14-уми апрел дар Маскав баргузор шуд. Шӯрои доимии Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ дар изҳороте гуфт, аз истиқлолу ягонагӣ ва тамомияти арзии Сурия ҳимоят мекунад. Ин созмон ҳамлаҳои шаби гузашта ба Сурияро “нақзи асоситарин усул ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ” донистааст. Дар изҳороти созмон гуфта шудааст, “ин иқдомот вазъеро ба вуҷуд меорад... Читать дальше...

Зуҳуров: Тарҳи шарикии стратегӣ бо Узбекистон омода шуд

Ozodi.org 

Шукурҷон Зуҳуров – раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон – гуфт, ки тарҳи созишнома дар бораи шарикии стратегӣ бо Узбекистон омода шудааст. Зуҳуров дар ин бора рӯзи 13-уми апрел дар ҷараёни сафараш ба Санкт-Петербурги Русия хабар дод. Ӯ гуфт, созишнома ҳангоми сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд имзо хоҳад шуд, вале санаи мушаххасеро ба забон наовард. Раиси порлумони Тоҷикистон мегӯяд, дар тақрибан 25 соли гузашта мушкилоти зиёде миёни Тошканду Душанбе ҷамъ шуда, яхи азимеро ташкил дода буд. Читать дальше...



Трамп ҳамла ба корхонаҳои кимиёвии Сурияро муваффақомез хонд

Ozodi.org 

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, ки ҳамлаи шаби гузашта ба Сурия “наметавонист натиҷаи аз ин беҳтар дошта бошад”. Вай рӯзи 14-уми апрел дар “Твиттер” навишт, ки “маъмурият анҷом шуд”. Трамп, инчунин, аз Фаронсаву Бритониё ба хотири “ҳушмандӣ ва қудрати олии низомӣ” сипосгузорӣ кард. Раиси ҷумҳури Амрико дар паёми баъдиаш дар “Твиттер” нирӯҳои низомии Иёлоти Муттаҳидаро боис ба ифтихор донист ва ёдовар шуд, ки миллиардҳо доллар барои тавони беҳтари ҳарбии Амрико ҳазина шудааст. Шаби... Читать дальше...

Мақомот: "3900 масҷид барои ҳама мерасад"

Ozodi.org 

Бино ба Консепсияи нави сиёсати давлатии Тоҷикистон дар умури дин айни замон дар кишвар 3900 масҷид, 1 ҷамоатхонаи пайравони мазҳаби исмоилия ва 68 ибодатгоҳи пайравони динҳои ғайриисломӣ сабтином шудааст.

"Дар як моҳ 300 000 нафар марзи Тоҷикистону Узбекистонро гузаштанд"

Ozodi.org 

Сафири тозатаъйини Узбекистон дар Тоҷикистон гуфт, танҳо дар моҳи марти имсол марзи ду кишварро 300 ҳазор нафар убур кардаанд. Эргаш Шоисматов ин иттилоъро рӯзи 13-уми апрел, пас аз таслими эътимоднома ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе баён кард. Ӯ гуфтааст, убуру мурури теъдоди зиёди шаҳрвандон ба ифтитоҳи гузаргоҳҳои марзӣ вобаста аст, ки моҳи марти имсол сурат гирифт. Ин гузаргоҳҳо ба камияш даҳ соли охир баста буданд. «Санадҳо барои таъсиси корхонаҳои муштарак омода мешаванд. Робитаҳои фарҳангӣ низ фаъолона рушд доранд»... Читать дальше...

Коргардони шинохта Милош Форман дар Амрико даргузашт

Ozodi.org 

Коргардони маъруф Милош Форман дар 86-солагӣ дар Амрико даргузашт. Форман бо чанд филми сохтааш, аз ҷумла "Девона аз қафас парид", "Парвоз бар фарози ошёнаи фохта", "Марди рӯи моҳ" ва "Фирор аз хона" маъруф аст. Вай ду дафъа – дар солҳои 1975 ва 1984 – барандаи ҷоизаи Оскар шудааст. Милош Форман соли 1932 дар Ҷумҳурии Чех (он вақт Чехословакия) ба дунё омадааст. Соли 1950 роҳи киноро пеш гирифт.  Форман соли 1968 барои сабти филм ба Фаронса рафт ва аз онҷо барнагашт. Сипас, ба Амрико кӯчид. Читать дальше...

Ҳамлаҳои Амрикову Бритониё ва Фаронса ба Сурия анҷом шуд

Ozodi.org 

Амрикову Бритониё ва Фаронса баъд аз иддаои истифода аз силоҳи кимиёвӣ дар Сурия ба ин кишвар ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом доданд. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, шоми 13-уми апрел аз Кохи Сафед оғози ҳамлаҳо ба Сурияро эълон кард ва гуфт, ин ҳамлаҳо барои ҷилавгирӣ аз истифода аз силоҳи кимиёвӣ ва дигар силоҳҳои куштори дастҷамъӣ дар Сурия анҷом шудааст. Доналд Трамп раиси ҷумҳури Сурияро як «диктатори қотил» хитоб кард ва гуфт, ӯ ба хотири истифода аз гази кимиёвӣ дар шаҳри Думои Сурия товони бузурге хоҳад пардохт. Читать дальше...



"Мехоҳам ҳама баробар бошанд, чӣ мансабдор, чи сокини оддӣ”

Ozodi.org 

Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ояндаи Тоҷикистонро чӣ гуна дидан мехоҳанд. Онҳо дар маҷмуъ орзу доранд, ки дар кишвар ҷойҳои корӣ ташкил шуда, муҳоҷирон ба назди хонаводаҳои худ баргарданд ва фасоди молӣ аз байн бурда шавад.

Вокунишҳо. Путин ҳамлаҳоро ба Сурия “таҷовуз” номид

Ozodi.org 

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, иқдомии низомии Амрико ва муттаҳидонашро дар Сурия маҳкум кард. Ӯ рӯзи 14-уми апрел ҳамлаҳои муштараки Амрикову Бритониё ва Фаронсаро “таҷовуз ба як давлати мустақил” номид.

Тоҷикистон дар Самарқанд барои 640 нафар мактаб месозад

Ozodi.org 

Ҳукумати Тоҷикистон созишномаеро тасдиқ кардааст, ки бар асоси он дар шаҳри Самарқанд барои 640 хонанда мактаб хоҳад сохт. Тарҳи созишномаро моҳи марти имсол раиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон имзо гузоштааст.

Артиши Исроил гуфт, як ҳавопаймои бесарнишини Эронро зад

Ozodi.org 

Артиши Исроил иддао кард, ки як ҳавопаймои бесарнишини эрониро дар ҳарими ҳавоии ин кишвар сарнагун кардааст. Ба қавли мақомоти артиш, ин ҳавопаймо маъмурияти ҳамла бар қаламрави Исроилро пеш мебурд. Артиши Исроил рӯзи 14-уми апрел гуфт, чархболҳои ҷангӣ бо сарнагун сохтани ин ҳавопаймои муҷаҳҳаз бо маводи тарканд аз ҳамлае, ки Эрон қасд дошт, аҷном диҳад, ҷилагвирӣ карданд. Исроил гуфтааст, ҳавопаймои бесарнишин рӯзи 10-уми феврали имсол ҳадаф қарор гирифт.

Дар Суғд ҳаждаҳ тонна доруро нобуд кардаанд

Ozodi.org 

Мақомот дар Суғд 18 тонна маводи дорувории пастсифат ваё муҳлати истифодааш гузаштаро нобуд кардаанд. Масъулони Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тандурустӣ дар Суғд рӯзи 13-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин миқдор доруро дар се моҳи аввали имсол аз дорухонаҳои вилоят ва анборҳо мусодира намуданд. Ин хадамот мегӯяд, қисмате аз дорувориҳои пастсифат дар пайи як рейди муштараки онҳо бо раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд мусодира шудааст. Дар рейди муштараки ин ду ниҳод дар вилояти Суғд нисбат ба баъзе афрод... Читать дальше...

Навори ҳамлаи ҳавопаймоҳои Фаронса болои Сурия

Ozodi.org 

Ҳукумати Фаронса навори оғози ҳамлаи ҳавлпамоҳояш болои Сурияро пахш кардааст. Дар ҷавоб ба ҳамлаи кимиёӣ болои шаҳри Думои Сурия Фаронса ва Британия ба ИМА пайваста муассисаҳои кимиёии Сурияро ҳадафи ҳамла қарор доданд. (AFP)



Москва

Новые городские проекты в сотрудничестве с парком Юрия Лужкова готовит Фонд Юрия Лужкова


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин: Обеспечим ученикам комфортные условия



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Пианист

Пианист Мирослав Култышев выступит с концертом в "Зарядье"




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса

Полезные приложения для поклонников спортивной ходьбы

Никакой магии! В спортивном прогнозировании не бывает безусловных выигрышных стратегий


Новак Джокович

Новак Джокович с позором вылетел с турнира в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Собянин сообщил о планах создания отечественной платформы электромобиля



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России