Матбуот исми занеро ошкор кард, ки дар ситоди YouTube оташ кушод. ВИДЕО
Тирпарронӣ дар қаламрави ситоди YouTube дар шаҳри Сан-Бурнои аёлати Калифорнияро зане бо номи Насим Агдам анҷом дод. Дар ин бора CNN рӯзи 4 апрел бо такя ба манобеи ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот гузориш дод.
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатҳои CNN, Агдам дар шаҳри Риверсайди Калифорния ва ҳамчунин Сан-Диего зиндагӣ мекард. Биноба маълумоти пешакӣ, ин зан ба ширкати YouTube ҳеҷ рабте надорад. Шабакаи телевизионии CNBC хабар дод, ки Агдам 39-сола аст ва бо таппонча мусаллаҳ буд.
Қаблан пулиси Сан-Бруно гуфт, зане, ки дар ситоди YouTube аз силоҳ оташ кушод, худкушӣ кардааст. Дар пайи ин ҳамла якчанд нафар захм бардошт, се нафар дар бемористон бистарӣ шуда, ҳолати яке аз онҳо бӯҳронӣ арзёбӣ мешавад. Ангезаи ин ҳамла то ҳол маълум нест,- гуфт раиси пулиси Сан-БруноЭд Барберинӣ.
Мақомот мегӯянд, ки ин ҳодиса ба терроризм рабт надорад.