Тими наврасони Академияи футболи ФФТ дар Бишкек дувум шуд
Тими мунтахаби наврасони Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон (U-15) таҳти раҳбарии мураббиён Рустам Қурбонов ва Далер Каёсов дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми шаҳрдори Бишкек, ки рӯзҳои 2-4-уми апрел дар пойтахти Қирғизистон баргузор шуд, мақоми дувумро касб намуд.