Нишонаи бенишон. То ҳол ҷасади духтари ғарқшударо наёфтаанд
Бо гузашти як сол аз марги духтари ноболиғе дар соҳилҳои дарёи Вахш ҳанӯз ҷасади ӯро пайдо накардаанд. Нишона Умарова шоми 26-уми апрели соли 2017, ҳангоме ки мехост дар пасманзари обҳои хурӯшони Вахш акси худро бигирад, ба дарё афтод.