"Businesswomen" – Нишасти тақрибан 200 зани соҳибкор дар Душанбе. ВИДЕО
Дар Душанбе ҳудуди 200 зани соҳибкор аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон масоили ҳамкорӣ миёни худро баррасӣ карданд. Кордори сафорати Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, ба манзури рушди чунин ҳамкорӣ кишвараш мехоҳад, дар ду соҳили рӯди Ому бозорҳои наздимарзӣ таъсис диҳад.