140-солагии Садриддин Айнӣ. Чаро Қорӣ-ишкамба ва Одина куҳна нашуд? ВИДЕО
Садриддин Айнӣ, муаллифи образҳои Қорӣ-ишкамбаи судхӯр ва Одинаи мардикор, рӯзи 15-уми апрел 140-сола мешавад. Вале бо гузашти беш аз сад сол аз замони эҷоди ин асарҳо, ҳанӯз мавзӯи қорӣ-ишкамбаву одинаҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон куҳна нашудааст.