140-солагии Айнӣ. Осорхона нав шуд, куллиёт чоп мешавад
Садриддин Айнӣ, муаллифи образҳои Қорӣ-ишкамбаи судхӯр ва Одинаи мардикор, рӯзи 15-уми апрел 140-сола мешавад. Бо гузашти беш аз сад сол аз замони эҷоди ин асарҳо, ҳанӯз мавзӯи қорӣ-ишкамбаву одинаҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон куҳна нашудааст.