Генерал Парпиев барои гум шудани пулҳо дар кумитаи молиёт бозпурсӣ мешавад
Баъди ошкор шудани камомади чашмгир дар Кумитаи давлатии молиёти Узбекистон, раҳбари ин идора Ботир Прапиев мавриди бозпурсии муфаттишони Идораи аудити Вазорати молия қарор гирифт.
Ба гуфтаи як манбаъ дар Кумитаи андози Узбекистон, маблағи камомад "даҳҳо миллион доллар" ҳисоб шудааст.
Ба маълумоти корманди Идораи кулли бозҷӯии Вазорати молияи Узбекистон ҳисоби маблағҳои гумшуда ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст. Намояндаи Додситонии кулли Узбекистон мегӯяд, ки феълан аз Прапиев баргардонидани маблағҳо талаб мешавад. Ӯ ҳамзамон гуфт, ки ба ғайри Ботир Парпиев, боз чанд нафари дигар аз Кумитаи молиёт мавриди бозпурсӣ қарор доранд.
Рӯзи 13 март кормандони Додситонии кулли кишвар ва Dазорати молия бо дастури раиси ҷумҳур Шавкат Мирзиёев тафтиши фрогирро дар кумитаи андоз ба роҳ монданд.