Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Апрель
2018

На хунравӣ, на донор -- ихтирои нодири ҷарроҳи тоҷик. ВИДЕО

0
На хунравӣ, на донор -- ихтирои нодири ҷарроҳи тоҷик. ВИДЕО

Суман Султоноваи обистанро табибон дар ҳоле ҷарроҳӣ карданд, ки хатари аз даст додани ӯ ё тифли батнаш зиёд буд. Ӯ чор рӯз пеш бо дарди шадиди талхадон ба бемористон интиқол ёфт. Тифли батнаш 7-моҳа аст. Бо он, ки хатари хунравии зани ҳомила ҳангоми ҷарроҳӣ зиёд аст, ҷарроҳӣ бомуваффақият анҷом ёфт ва ҳоло саломатии модару кӯдак хуб арзёбӣ мешавад. То анҷоми ин ҷарроҳӣ, ба гуфтаи ин зани ҷавон, аксари ҷарроҳон ба ин амалиёти хатарнок хоса барои зани ҳомила розӣ нашуданд.

Ҳоло ин дастгоҳ танҳо дар Пажӯҳишгоҳи Гастроэнтрология истифода мешавад ва Саидилҳом Аҳмадзода мегӯяд, табобат бо ин таҷҳизоти ихтирокардааш барои тамоми беморон дастрасу ройгон аст.

Табибони Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология ин зани ҳомиларо тавассути дастгоҳи "криоҷарроҳӣ" (ҷарроҳии яхбандишуда) анҷом додаанд. Ин аз навъи ҷарроҳиҳои нодир ва сангин аст, ки олими тоҷик, Саидилҳом Аҳмадзода онро то андозае сабук гардонидааст. Ин таҷҳизот хунравии ҳангоми ҷарроҳиро то чор маротиба коҳиш медиҳад.

Суман Султонова рӯзи чоруми пас аз ҷарроҳиро пушти сар мекунад ва саломатии худу тифли батнаш хуб аст. "Аз чормоҳагӣ ин дард маро ташвиш медод. Вақте кӯдак калон мешуд, ҳамон қадар “приступ” зиёд мешуд. Зиёд метарсидам, ки кӯдакро аз даст медиҳам. Вале ҳоло хубем", - гуфт ӯ.

Саидилҳом Аҳмадзода, профессор ва ҷарроҳи тоҷик мегӯяд, баъди он дар фикри  анҷоми "криоҷарроҳӣ" шуд, ки дар таҷрибаи тиббии худ зиёд шоҳиди хунравии бемор ба ҳангоми амалиёти ҷарроҳӣ ва камбуди донорҳо шудааст.

Аҳмадзода гуфт, дастгоҳи криоҷарроҳӣ бо ёрии нитрогени моеъ истифода мешавад, ки ин моддаи кимёвӣ дар Институти фанноварӣ ва физикаи Фарҳангистони улум коркард мешавад. Ин дастгоҳ, аз найчаҳои мисӣ ва зарфи азот барои нигаҳдории нитрогени моеъ иборат аст ва ба гуфтаи Аҳмадзода, вобаста ба ҳар навъи ҷарроҳӣ сохта шудааст.

Ба гуфтаи Саидилҳом Аҳмадзода, солҳои ахир бемориҳои паразитӣ ва хоси ҷигар пайдо шуданд, ки қаблан дар Тоҷикистон мавҷуд набуданд. Ин ҷарроҳи тоҷик афзуд, алвеококкоз ва сили ҷигар ба ин гурӯҳ шомиланд ва мушкил дар он аст, ки ин бемориҳо бо дору ва ҷарроҳии маъмулӣ табобат намешаванд ва табобати барои худ хосро талаб мекунанд."

"Масалан, алвеококкози ҷигар бемории паразитӣ буда, афзоишу паҳншавиаш аз бемории саратон бадтар аст. Он зуд паҳн гардида, ба ҳама узвҳои инсон таъсир мерасонад. Истифодаи нитрогени моеъ бо ҳарорати пасти минуси 196 дараҷа тавассути дастгоҳи "криоҷарроҳӣ" дар баробари ях кардани хун ҳангоми ҷарроҳӣ, ҳамчунин ҳуҷайраҳои бемориро дар ҷояш мекушад ва омосро аз байн мебарад. То имрӯз имкони аз байн бурдани бофтаи бемор тавассути сардӣ вуҷуд надошт. Қаблан танҳо аз люгол ва спирт истифода мекарданд",-афзуд ҷаноби Аҳмадзода.

Ба гуфтаи ҷарроҳи тоҷик, тавассути ин таҷҳизот ҳар гуна захм ва варамҳо, аз ҷумла варамҳои саратонӣ бо истифода аз азот, ки дараҷаи хеле пасти ҳарорат дорад, бидуни сарфаи хун аз ҷигар ҷудо карда мешавад.

Шоҳмурод Ғаниев, як сокини шаҳри Кӯлобро табибон дар ин пажӯҳишгоҳ тавассути дастгоҳи криоҷарроҳӣ амал карданд. Табибон мегӯянд, ҳарчанд ӯ маротибаи дуюм ҷарроҳӣ шуд, аммо барои ӯ як зарра хун сарф нашудааст.

Ҳоло ин дастгоҳ танҳо дар Пажӯҳишгоҳи Гастроэнтрология истифода мешавад ва Саидилҳом Аҳмадзода мегӯяд табобат бо ин таҷҳизоти ихтирокардааш барои тамоми беморон дастрасу ройгон аст.

Ин ҷарроҳ мегӯяд, барои ихтирои ин дастгоҳ чор моҳ вақти худро сарф намуда ва ҳудуди 4 ҳазор сомонӣ харҷ кардааст. Ҳоло бо ин усул 147 нафар сокинони Тоҷикистону Русия ва Узбекистон ҷарроҳӣ шуданд. 

Абдусаттор Саидов, ноиби президенти Фарҳангистони улум ва номзади илмҳои биология ва тиб гуфт, баъд аз озмоиши ин ихтироъ, дастгоҳи криоҷарроҳӣ аз сӯи Маркази патенту иттилоот ба қайд гирифта шуда, бо муҷаввиз ё патент ҳифз карда шудааст. 

Ҳарчанд дар Русия дар солҳои 70-уми асри гузашта аз чунин дастгоҳ истифода мекарданд, аммо ҷарроҳони тоҷик мегӯянд, то ҳанӯз дар Тоҷикистон ҷарроҳии аз тариқи яхбандишуда вуҷуд надошт ва кашфи усули ҷадиди ин навъ ҷарроҳӣ хатари талафи беморонро кам кардааст.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин. Главное за день





Москва

В Подмосковье сотрудники Росгвардии задержали подозреваемого в краже товаров из магазина


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: Трасса Солнцево — Бутово — Варшавское шоссе будет готова в 2026 году



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Сергей Брановицкий

Дистрибьюция Музыки. Цифровая дистрибьюция музыка. Дистрибьюция музыки под ключ.




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Бойцовская лига «Наше Дело» представит спортивную зону на Дне России

Сделано в СССР. Первое историческое ралли в Москве стартует 2 июня

ТАСС: Паралимпийский комитет России провел урок и мастер-классы для участников СВО


WTA

Повернення Калініної до топ-50 та втрачені позиції Світоліної. Оновлені тенісні рейтинги WTA та ATP



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Сделано в СССР. Первое историческое ралли в Москве стартует 2 июня



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России