OPCW гуфт, бо хулосаҳои Бритониё мувофиқ аст
Созмони Манъи Истифодаи Силоҳҳои Кимиёвӣ (OPCW) мегӯяд, коршиносони он натиҷаҳои ташхиси заҳреро, ки ҷосуси собиқи дутарафаи Русия ва духтари ӯро бо он заҳролуд карданд, тасдиқ мекунанд.
Созмон номи моддаи фалаҷкунандаи асаб “Новичок”- ро набурдааст, вале гуфтааст, ки бо натиҷаи ташхиси Бритониё мувофиқ аст.