На Mini на Maxi. Дарозии домани занҳо дар Тоҷикистон ниҳоӣ шуд. ВИДЕО, САДО
Пӯшидани домани кӯтоҳ ё “мини-юбка” барои духтарону занони тоҷик мамнуъ эълон шуд. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар китоби намунаҳои либоси миллӣ, ки ахиран дар нашриёти “Эр-Граф” чоп ва ба ҳама идораҳои давлатӣ тақсим шуд, тавсия додааст, ки “дарозии доман ё юбка бояд 15-20 сантиметр поинтар аз зону бошад”.