Ҳукумати Қирғизитсон дар пасманзари мубориза барои қудрат пароканда шуд
Сооронбей Ҷеенбеков, раиси ҷумҳури Қирғизистон, баъди изҳори нобоварии порлумон ба ҳукумати кишвар, ҳукумати нахуствазир Сафар Исҳоқовро пароканда кард. Ин таҳаввулот дар пасманзари муборизаи қудрат дар байни раиси ҷумҳури пешин ва феълӣ ҷараён гирифт.