Эълони гуноҳи 18 нафар барои... куштори муҳоҷири узбек дар Русия
Додгоҳи Санкт Петербург гурӯҳи 18- нафарии иборат аз занону мардҳоро дар содир кардани 38 ҷиноят бо ангезаи нафрат ва куштори як муҳоҷири узбек дар соли 2013, гунаҳкор эълон кард.
Бахши минтақавии Кумитаи тафтишотии Русия дар Петербург рӯзи 19 апрел гуфт, ки ҳукми ин 18 нафар дар ояндаи наздик содир мешавад.
Биноба маълумоти кумита, 14 узви ин гурӯҳ дар вақти содир кардани ҷиноят - солҳои 2012-2014 ҳанӯз 18-сола набуданд.
Ҷурмҳое, ки занонун мардони гурӯҳ содир карданд, иборат аз куштор, авбошӣ, ғоратгарӣ, расонидани зарари ҷисмонӣ, дуздӣ ва хароб кардани санадҳои расмӣ будааст.
Ҳамаи қурбониҳои ин гурӯҳ ғайрирус ва асосан бошандагони Қафқоз ва Осиёи Марказӣ буданд.