Даҳҳо хона дар Амрико мавриди ҳамлаи хори мағелон қарор гирифт
Сокинони шаҳрҳои Викторвилли Калифорния ва Вест-Ҷордани аёлати Ютаи Амрико мегӯянд, онҳо мавриди "ҳамла"-и хори мағелон қарор гирифтаанд. Ба иттилои нашрияи The Washington Post, дар ҳоли ҳозир дар ин шаҳрҳо даҳҳо хона зери хори мағелон мондааст.
Хори мағелонро аз биёбон ба минтақаҳои аҳолинишини Амрико шамоле овард, ки суръати он 110 километр дар як соат буд. Баландии хори ҷамъшуда дар атрофи хонаҳо то ба беш аз ду метр расида, берун баромадани сокинон аз манзилҳоро низ мушкил гардондааст.
Мақомоти маҳаллӣ ба тоза кардани кӯчаҳоро оғоз кардаанд. Вазъи мавҷуда ҳамаро нигарон кардааст, зеро ғарами хори мағелон ба ҷуз эҷоди нороҳатӣ метавонанд боис ба сар задани сӯхторҳои бузург низ шаванд.