Пулиси Арманистон дастикам 160 тазоҳургарро боздошт кард
Биноба хабари бахши Армании Радиои Озодӣ то зӯҳри рӯзи ҷумъа пулис 166 нафарро, ки алайҳи таъини президенти пешин Серж Саргсян, ба мақоми нахуствазир даст ба эътироз задаанд, боздошт кард. Эътрозгарон Саргсянро ба ғазби қудрат дар Арманистон муттаҳам мекунанд.
Рӯзи гузашта Никол Пашинян, раҳбари эътирозгарон, ва раҳбари ҷиноҳи оппозитсиюнии "Елк" дар порлумон, ба масдуд кардани "тамоми роҳҳо ва истгоҳи метро дар Ереван" даъват кард. Созмони Амният ва Ҳамкории Аврпуо аз хабарҳо дар бораи истифодаи бидуни тавҷеҳи нерӯ алайҳи эътирозгарони осоишта, бо шумули кӯдакон, изҳори нигаронӣ кард.
Шурӯъ аз рӯзи 13 апрел ҳазорҳо сокини Арманистон дар Ереван алайҳи таъини президенти пешин Серж Саргсян ба мақоми нахуствазир ба кӯчаҳо рехтанд. Арманистон Қонуни асосиашро соли 2015 таъғир дода, қудрати президентро заъиф ва салоҳияти нахуствазирро бештар кард.
Фаъолони мухолифин мегӯянд, сарқонун махсус ба хотири тамдиди қудрати Саргсян таъғир дода шуд.
Рӯзи 9 апрел бар асоси овоздиҳӣ дар парлумон, на дар интихоботи сартосарӣ, Армен Саркисян президент интихоб шуд ва раиси ҷумҳури пешин баъди 8 рӯзи рафтан аз мақом, ба курсии нахуствазирӣ нишаст.