Мухолифин дар Гюмрӣ, макони пойгоҳи низомии Русия тазоҳурот мекунанд
Мухолифони Арманистон рӯзи ҷумъа дар шаҳри Гюмрӣ, макони пойгоҳи низомии Русия, намоиши эътирозӣ баргузор мекунанд. Раҳбари эътирозҳои ахир ва раҳбари ҷиноҳи порлумонии "Елк" Никол Пашинян гуфт, эътирозҳо дар Арманистон дар ду рӯзи оянда поён меёбанд.
Раҳбари мухолифони Арманистон Никол Пашинян рӯзи гузашта бо сафири Русия дар Ереван Иван Волинкин мулоқот кард. Пашинян гуфт, эътирозҳои таҳти раҳбарии ӯ хусусияти зиддирусӣ надоранд. Сафири рус дар навбати худ изҳор дошт, ки Москва ба буҳрони сиёсии Арманистон дахолат намекунад.
Аз 13 апрел дар Ереван ва шаҳрҳои дигари Арманистон эътирозҳо идома доранд. Сарвазири тозаинтихоб Серж Саргсян баъд аз 11 рӯзи эътирози сокинонаш маҷбур шуд, истеъфо диҳад. Саргсян 10 сол президенти ин кишвар буд. Ӯ дар давраи ахири президентияш бо тағйири конститутсия салоҳиятҳои сарвазирро бештар кард.
Дар пайи истеъфои Саргсян ҳукумати ин кишвар низ пароканда шуд. Ҳоло иҷрокунандаи вазифаи сарвазири Арманистон намояндаи Ҳизби ҷумҳурихоҳи ин кишвар Карен Карапетян таъйин шудааст. Пашинян ва ҷонибдоронаш мегӯянд, то "намояндаи мардум" сарвазир интихоб нашавад, даст аз тазоҳурот нахоҳанд бардошт.