Сенати ИМА номзадии Помпеоро ба мақоми Котибии давлатӣ тасдиқ кард
Сенати Иёлоти Муттаҳида номзадии сардори пешини Идораи марказии иктишофии ин кишвар Майк Помпеоро ба мақоми Котибии давлатии Амрико таъйид кард.
Номзадии Помпео ба мақоми Котибии давлатии ИМА баъд аз барканории Рекс Тиллерсон пешниҳод шуд. Демократҳои Амрико Помперо ҳамчун одами наздик ба президент Доналд Трамп танқид карданд ва гуфтанд, ки ба ин мақом бояд нафари мустақил интихоб шавад. Худи Трамп демократҳоро ба ин муттаҳам кард, ки мехоҳанд раванди таъини Помпео ба дарозо бикашад.
Яке аз даъватҳои Помпео ин аст, ки сиёсатҳо нисбат ба Русия сахттар ва таҳримҳо пурзӯр шаванд. Ба гуфтаи ӯ, президенти Русия Владимир Путин мехоҳад, мақоми абарқудратии аз даст рафтаи кишварашро дубора баргардонад ва мавқеи ИМА-ро камранг кунад.
Майк Помпео мегӯяд, Русия бо дахолат ба интихоботи президентии ИМА мехоҳад ба сокинони кишварҳои дигар итминон диҳад, ки демократия нокомил аст ва бояд рӯ ба низоми идораи худкомагӣ овард.