Нахуствазири пешини Қирғизистонноби муовини раиси ҳизби ҳоким шуд
Нахуствазри пешини Қирғизистон Сафар Исҳокқов ба мақоми муовини раиси ҳизби Сотсиал Демократи Қирғизистон интихоб шуд, ки раёсати онро президенти пешин Алмосбек Отамбоев бар дӯш дорад.
Исҳоқов ба ин мақом рӯзи 27 апрел дар ҷамъомади ҳизби Сотсиал Демократ, як рӯз баъди даъваташ ба идораи Кумитаи амнияти миллӣ, инихоб шуд. Ӯ дар заминаи аз кор мондани маркази гармидиҳӣ, ки зимистони соли равон як бахши Бишкекро дар сардӣ қарор дод, бозпурсӣ шуд.
Исҳоқов ва ҳукумати ӯро президенти феълӣ Сооронбой Ҷеенбеков 19 апрел, баъди эълони адами эътимод ба ҳукумат дар порлумон, пароканда кард. Ҳизби Сотсиал Демократ ба таври ғайриинтизор аз пуштибонии Исҳоқов даст кашид ва роҳро ба суқути ҳукумати ӯ боз кард.
Муҳммадхалӣ Абдулғозиев, ҷойгузини Алмосбек Отамбоев, рӯзи 25 апрел фаъолияташро расман оғоз кард.
Аввали моҳи апрел Ҷеенбеков якчанд шарики президенти пешин, бо шумули додситони кулл ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллиро, ки барои саркуби сиёсатмадорони мухолиф ва журналистони мустақил танқид мешуданд, аз мақомҳояшон барканор кард.
Отамбоев баъди рафтанаш аз қудрат, як муддат фаъолият нишон надод, аммо моҳи март, баъди интихобаш ба мақоми раиси ҳизби Сотсиал Демократ президенти нав Сооронбой Ҷеенбековро дар чанд маврид ошкоро танқид кард.