Таъйини писари Убайдуллоев ба мақоми нав
Ҷамолиддин Убайдуллоев – сафири Тоҷикистон дар Фаронса – намояндаи доимии кишвар дар ЮНЕСКО, муассисаи илмиву фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид, таъйин шуд. Ӯ рӯзи 25-уми апрели имсол дар мулоқот бо мудири кулли созмон Одри Азуле номаи таъйиноташ ба ин мақомро супурд.